Шеърҳои ман

(с) Дилшод Музафаров – Ба Модар.

26 августи соли 2009, Федератсияи Россия, шаҳри Дубна.

Ҳар пагоҳӣ хезам ман аз ёди ӯ,

Ёди нотакрори ӯву ҳусни абрӯ,

Рӯз гардад дар сар танҳо ёди ӯ,

Шаб ки хуфтам боз бошад ёди ӯ.


Одамонро одамӣ омӯхтааст,

Бар гили хом ҷону тан бахшидааст,

"Меваи умрам" маро номидааст,

Дар ҷудоӣ ҷонсӯзӣ кардааст.


Модари ғамхори ман, ҳастии ман!

Модари чун нури хуршед гавҳарам!

Бинамат танҳо табассум аз лабат,

Хушрӯзу хушҳавою хушбатан.


Шукрона гӯям ман Яздонро,

Чунки ту ҳастиву парварди маро!

Дарси аввал аз ту ман бигрифтаам,

Ҳамчун ҷавв онро корбаст дидаам.


Дар дабистонҳо даромӯхтанд маро,

Ки биҳиштро зери пояш ҷӯямам.

Ман биҳиштро дар бари модар бинам,

Бе бараш худро тани бесар бинам.