Луғати русӣ-тоҷикӣ

Варақаи лоиҳа (ҳоло танҳо барои иштирокчиён)

Инак, лоиҳае, ки вақти тӯлонӣ оғозаш мекарда будам, оғоз гардид. Ин лоиҳа барои таҷдиди версияи электронии луғати Русӣ-Тоҷикие, ҳанӯз соли 1985, дар таҳти таҳрири М. Осимӣ аз нашр баромада буд, равона шудааст. На ҳамаи калимаҳои ин луғат ба ҳолати кунунии забони тоҷикӣ мусоидат мекунад, вале ман чунин мешуморам, ки ин ягона луғати пурраи забони русие, ки дидаам, аст. Дар ин саҳифа шумо метавонед версияи тайёршудаи луғатро барои истифода дар нармафзорҳои GoldenDict ва StarDict нусха гиред. Пеш аз нусхагирӣ, аз шумо хоҳиш мекардам, ки бо литсензияи GNU GPL v3.0 ё болои он шинос шавед (агар шумо луғатро танҳои барои худистифодабарӣ мегирифта бошед, ҳоҷати шиносоӣ нест, нусха гиреду истифода баред ва ин бемузд аст). Ҳар замон кӯшиш мекунам, ки версияи нави луғатро бо ҳамаи иловаҳо инҷо гузорам. Луғат мувофиқи формати луғатҳои кушод XDXF тайёр карда мешавад. Сабаби асосии интихоби ин формат (ба ғайр аз мувофиқӣ бо идеяи сохтани луғат) дар мавҷудияти воситаи бо осонӣ табдилдиҳии он ба формати луғатҳои дигар аст. Инҷо танҳо луғатҳои барои нармафзорҳои GoldenDict ва StarDict (агар ABBYY Lingvo бепул мебуд, луғатро ба формати ин нармафзор табдил дода низ мегузоштам) пешкаш шудаанд. Мақсад аз чунин рафтор дар эгоизми ман набуда, таклиф ба истифодаи нармафзори литсензионӣ аст. Вале, агар Шумо худ ба дигар формат луғатро табдил медода бошед, риояи литсенцияи дар боло нишондодашуда (таъкид мекунам: GNU GPL v3.0 ё боло) шарти зарурӣ аст.

Ҳолати кунунии луғат дар санаи 28 марти соли 2010 (ver20100401_0.1.1_15333):

Саҳми иштирокчиёни лоиҳа:

Нишонаҳо барои нусхагирии луғат:

Барои намрафзорҳои GoldenDict ва StarDict (формати StarDict, 782 КБ): оинаи 1 оинаи 2 оинаи 3

Дар намуди XDXF: оинаи 1 оинаи 2 оинаи 3

Илова(ҳо):

Тарзи созкунӣ ва ҷӯркунии Goldendict дар Windows