Тарҷумаи ҳол

Эшон, Музафаров Дилшод Зикриёхӯҷаевич, зодаи шаҳри Ленинобод (айни ҳол, Хуҷанд)-и РСС Тоҷикистон (айни ҳол, Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҳастам. Аз рӯзи таваллудам танҳо санаашро медонаму халос, ин ҳам, 7 октябри соли 1981. Дар куҷо тавлид ёфтаам, ҳамон рӯз ҳаво чи гуна буду, ҳиссиёти волидайну наздиконам чи хел буданд, номаълум монданд. Аз айёми кӯдакиам хотираҳои кӯса дорам, лекин ҳамаи онҳо хурсандиоваранд. Ин сабаб бошад, ки орзуям боз кӯдак шаваму, аз пастиву баландии ҳаёт бехабар бошам. Афсӯс, ки ин ғайри имкон аст (масъалаи баръакс мувофиқи гузоришаш аз рӯи нишондоди Адамар ғайрикорректӣ аст, яъне ё ҳал надорад, ё ин ки ҳалли бешумор дорад, ва ё аз ман бофосила вобаста нест – намехостам, ки айёми кӯдакии касеро соҳиб шавам). Як-ду лаҳзае аз айёми боғчаи бачагона равиам дар хотир боқӣ мондаанд. Чи хел синфи якум рафтаам, дар ёдам нест. Муаллимаи аввалини ман, Ҳомидова Хосият, бисёр зани ҳалиму доно ва шахси ҳунарманд дар ҷодаи илмомӯзӣ барои синфҳои ибтидоӣ буданд. Афсӯс, ки дарсҳои он шахс дар ёд нестанд, ки ёдовар шаваму ба ханандаи арҷманд нақл кунам. Лекин ҳамсинфҳои дар синфҳои ибтидоӣ будаю ба дил азизро дар хотир дорам. Инҳо (киро дар ёд дорам): Мирсаидов Ҳусейн, Ботуров Аъзам, Шамсиев Абдусамад, Мирсаидова Фотима (сардори синфамон), Шодиев Иномхӯҷа, Азимов Эҳсон, Раҳматов Юсуфҷон, 2 Баҳодурҳою Наим, Наҷимова Мунира (ғолиби доимии бо вақт хондани мант), Розиқов Равшан. Боз як духтаракеро дар ёд дорам, номаш Хосият буду, синфи ё 2, ё 3 аз мо рафт.

Баъди хатми синфи се, ман ба равияи риёзии синфи 5 дохил шудам. Ёдовар мекунам, ки ман фақат як мактабро хондаам, яъне сухан доири мактаби таҳсилоти ҳамагонаи рақами 20-и шаҳри Хуҷанд ба номи Раҳим Ҷалил рафта истодааст. Ҳамсинфони нав омаданду, баъзеи ҳамсинфон ба синфҳои дигар рафтанд. Аз нав омадаҳо дар хотир (айёми мактабхонӣ!) мондаанд: Тошматов Абдуманону Абдурасул, Раупов Рустам, Аминҷон .., Шӯҳрат Боқиев (Раҳимӣ) ва дигарон.

Давом дорад...