Луғатҳои русӣ-тоҷикӣ-русӣ

Дар ин саҳифа ду лағат мавҷуд аст. Луғатҳо бо назардошти он, ки онҳоро дар нормафрози GoldenDict ва StarDict истифода мешаванд, тартиб дода шудаанд. Умуман, ман ин луғатҳоро барои худам сохтаам, ва онҳо на он қадар саҳеҳ ҳастанд. Лекин ба ман ин кофӣ буд, ки онҳоро дар кори худ истифода бараму, корамро ба мақсад расонам. Ҳар дам, дар вақти холигиам онҳоро таҳрир мекунам, лекин аз сабаби ҳаҷми калон доштанашон кор бисёр суст рафта истодааст. Луғатҳо дар таҳти литсензияи GNU GPL v3.0 ё боло паҳн мешаванд (агар Шумо луғатро барои истифодабарии худ, на барои манти онро тағйир додан ё паҳнкунии вай мегирифта бошед, хондану азхудкунии литсензияи болоӣ зарурӣ нест, гиреду истифода баред ва ин БЕМУЗД аст). Инчунин дар ин ҷо тарзи созкунӣ ва ҷӯркунии нармафрози GoldenDict дар системаи оператсионии Windows-ро гузоштаам. Ягона хоҳише, ки ба Шумо дорам: дар ҳолати ёфтани ягон хатогӣ ё носаҳеҳӣ, лутфан, ба ман, ба суроғаи Muzafarov.Dilshod@gmail.com хабар диҳед, то ман онро ислоҳ кунаму, дар тафсири оянда ислоҳот акс ёбад.

1. Луғати русӣ-тоҷикӣ. Ин луғат намуди ихтисоркардашудаи луғати соли 1985, дар зери таҳрири М. Осимӣ баромадашуда, аст. Аз сабаби тайёркунии шакли пурраи ин луғат тафсирҳои нави он дигар намебароянд. Баъди итмоми он кор, ин луғат тамоман аз миён бардошта мешавад. Онро муваққатан, то тайёр шудани луғати нав, метавон истифода бурд. Нишона барои нусхагирӣ: нусхагирӣ (920 KB).

2. Луғати тоҷикӣ-русӣ. Ин луғатро ман бо тезӣ, тариқи сканкунӣ, ташхиси рамзӣ ва ба намуди формати XDXF овардан, сохтаам. Луғат аз сабаби ноқисии ташхиси рамзии манти тоҷикӣ хатогиҳои бисёр дорад. Дар тафсири кунунии он (1.1.0 аз санаи 04.04.2010) танҳо калимаҳои бо ҳарфҳои "а", "б", "в" ва "г" оғозшаванда таҳрир карда шудаанд. Бино бар ин, агар Шумо ягон носаҳеҳӣ ё хатогиро дар қисми таҳриршуда ёбед, лутфан, ба суроғаи болоӣ ба ман хабар диҳед. Пешакӣ ташаккур. Нишона барои нусхагирӣ: нусхагирӣ (1850 KB).