Ҷаласаи калӯшҳо

(Гротекс)

Рафиқо коммунисто, пленуми фавқуллодаи махфии калӯшдепутатҳоро оғоз менамоем. Имрӯз мо бояд масъалаи тахирнопазири рӯз “Аҳмияти калӯш ва услубҳои фиреби омма”ро дида буроем. Марҳамат калӯшҳое, ки пешниҳод дошта бошанд фавран онро баён созанд, зеро вақти мо маҳдуд аст.

Калӯши нӯхум: Рафиқо коммунисто, мо тавонистем, ки тавассути калӯш боз ба сари ҳокимият оем. Мо бояд ба калӯш хайкал гузорему совхозу колхозхҳоямонро ба номаш монем.Ба шоиру нависандаҳоямон супориш диҳем, ки оиди калӯш достону румонҳо нависанду омӯзгорон онро ба барномаи мактабӣ дохил намуда, дар кӯдакистонҳо бо хори умумӣ сароянд. Бинобарин аз партияи коммунистӣ талаб менамоям, ки дар устави наваш оиди аҳмияти калӯш боби ҷадидеро бахшад.

Калӯши ҳамтум: Рафиқ котиби якуми парламон! Муҳона халқ диктатур мегуд, мо коммунисто аз ин буҳои баланд бениҳоят хурсандем,ки он насиби мо гаштааст. Ман таклиф мекунам ки дар парламони мо расми яке аз даспарварони ҳизби коммунист, диктатури номӣ Садом Ҳусейн овехта ба номаш яке аз совхозҳои тимсоҳпарвариамон монда шавад. Ман шунидам, ки диктатури Гаит Дювалйе ҷасиди рақибонашро ба хориҷ мефурухтааст. Мо бояд тарзи корбарии ин шахси мӯътабаро дар кишварамон ҷорӣ созем. Аз як тараф соҳиби валюта мегардему аз дигар самт чашми мардумро метарсонем, то дигар даъвои адолату хақиқатро накунанд. Таклифи ман ҳатман ба овоз монда шавад!

Калӯши ҳаштӯм: Муҳонба гӯед, раисбова итиходияи “Фатирпаз” барин ду сета иттиходия зарур, то дар вақти вазнини бо востаи он ба ҳарифон фишор оварда онҳоро дар ваъзияти таслимшавӣ гузорем. Бинобарин хоҳиш мекунам, ки иттиҳодияҳои “Кулчапаз” у “Чаппотипаз” кушода шавад.

Калӯши ёздахум: Ҳамин гӯед, домулло мо коммунисто як хатои бузург кардем ки идораи қозиётро ба ихтёри диндорон гузоштем. Унҷаба гӯед, ягонта калӯш набудааст. Ман таклиф мекунам ки намояндаи махфии калӯшҳо бояд ба он ҷо ҷойгир намуда дар ин идораи сернуфузро пурра ба дасти худ дарорем. Чӣ туре ки радиою телевизонро ба ихтёри калӯшҳои худамон гузоштему дар рӯзҳои сиёҳ пушту паноҳи моён шуданд.

Калӯши шашум: Раисбова падари мана Ҳуҷа Калӯш мегуфтанд, раҳматӣ то охири умраша мардума калӯушкатӣ бозӣ дароварда давр меронд. Илоҳи ҷояш ҷаннат шавад! Орзу дошт, чандта зовути калӯш кушода мардума як умр маркаб борин сувор шуда гардад, вале афсӯс, ки ин орзуи муборакаш чомаи амал напӯшид. Чӣ мешуд, ки қарор мебуровардем, ки зовути арақбқрория ба калӯшбарорӣ табдил диҳем. Бисёр кори савобе мешуд!

Калӯши сеюм: Маълим! Ман дар даври се соли калӯшдепутатиам то ҳол соҳиби ягон чиз нашудам. Набошад ман чиба калӯшдепутатиба розӣ шудам? Чува шумо калӯши дувоздахумба дута патаки махмалин тӯҳфа кардеду муҳонба не? Ман таклиф мекунам,ки хешутаборчигӣ дар байни калӯшдепутатҳо бас карда шавад.Набошад ман фраксияи калӯшдепутатҳоро тарк мекунам.

Калӯши якум: Рафиқо калӯшҳо, мо як чизи заруриро фаромӯш сохтем. Мо бояд кушем, ки дар парламони фраксияи калӯшзанҳоро барпо намоем, то онҳо ақидаҳои таълимоти калӯшизимро дар байни омма ташвиқ намоянду коргару деҳқона тезтар коммунизимба расонанд. Дар оянда кушид, ки созмонҳои калӯшҷавонону навраскалӯшонро ташкил дод то онҳо дар оянда давомдиҳандаи анъанаҳои мо бошанд.

Калӯши дувоздаҳум: Рафиқ котиби якум! Мо бояд шабу рӯз нагуфта, то анҷоми мавсими интихобот давем.Калӯшҳо бояд номзади арзандаи хешро пешниҳод бинмоянд. Агар калӯшеро ба курсии роҳбарият шинонем, боз панҷ соли дигар давр хоҳем ронд. Дар охир таклиф менамоям, ки ҷаласаи фавқулоддаи калӯшҳо пӯшида шавад, зеро маъракаи интихобот сония ба сония наздик шуда истодааст вақти маҷлисбозӣ нест! Ҳар калӯш дар атрофи хеш то сенздаҳ ҳазор калӯшро гирд оварда ба маъракаи интихобот омода созад, вагара ёрон ҳоли мо табоҳ хоҳад шуд!

Калӯши дуюм: Рафиқи мӯҳтарам, калӯши дувоздаҳум дар бораи оянда аз байни калӯшҳо интихоб намудани Калӯшпрезидент бисёр суханҳои хуб гуфтанд.Бинобарин баҳри он ки Калӯшпрезидентамонро интихоб намоем, ваъзияти фавкулодда зарур аст, зеро ягон кори мо бе ваъзияти фавкулодда пеш намеравад. Кӯшиш кард ки “Фатирпаз” ба парламон фишор оварад, то ваъзияти фавқулоддаро аз нав барқарор кунем. Бародаро,аз бародарони ҳамхунамон ба ман барқия расид, онҳо дар се ҳавза номзадиашонро гузоштанд, фавран барои ғалабашон 99 ҳазор калӯш зарур.Вақти нишастан нест, раисбова пленума пӯшед!

Рафиқо талклифи калӯшҳои дувоздаҳуму дуюмро ба инобат гирифта мо бояд ба кори амалӣ гузарем. Бинобарин чун сарвари калӯшҳо ҷаласаро пӯшида эълон менамоям!

Хабиб Саид, соли 1991, ш. Душанбе