«Сенатур аз Осиёи Миёна», ё номаи намояндаи Шӯрои Олӣ ба завчааш.

(гротекс)

Мӯхтарам Ж. Э., шумо ба чор тараф аз дахонатон

Кафк паронда, ҷор мезанед, ки корпуси депутатии

Мо дори интеллекти пуриқтидорест. Вале камина

Ба шумо номаеро пешниҳод намуданиам, ки он

арзиши асили “интеллект”и вуҷуд надоштаро

собит месозад.

Қурвоной хатата гирифта ҷудо димоғам ҷоқ шуд гу.Қарив ним сол шуд ки шумуҳон надидем.Либосвориҳои ройи кардагема фурӯхти мӣ, ё не? Ага фурӯхта боши чақонтар малахаша ройи кун, магазинчиҳои шиносба боз мол заказ кардам. А чизҳои гуфтагет: 5 туп чити хитой, 250 дона румоли япон,300 ҷуфт калӯш, 50 дона чойники калону 75 майда гирифтам. Мошинба боз ариза додам, ки секритар гуфт, ки ду мошин гирифтед ҳозирешба бас, боз ҷанҷол нахезад, камтар истед. Агар дилатон булдозири С 100, ё грейдер кашад, марҳамат номатона навбатба менависам. Фаҳм ки харидор бошад гирем, чуваки зарар намебинем. А пистаҳои ройикардагетон се лингчеша фурӯхтам. Саҳаркати сесияба як худамоя нишон метему буҳони носкашигати берун баромада дума хода мекунем. То шом дар бозор озорбойҷониҳокати ҷақ ҷақ карда ачко зада савдо мекунем. Вайо мана “ базарний депутат” мегунд, маънеш гу ба зувони худомон депутати калладор будас. Бегоҳиҳо як чиз ним чиз харида хони сардоромон меравем. Одамойи муҳон ҳамашон а вай метарсанд. Пештар тарафои худомонба началнуки калон шуда кор мекардас. Подшоҳи худомон вайя бисёр нағз мебинад, ҳардуҳошон писархонду падархонд. То вай иҷозаташа натед ягон депутат даҳанаша кушода наметавонад.Як рӯз гу Қурвоной хонешба моя меҳмондорӣ кард, сагчешам муҳонкати сари дастархонба шишта авқот хӯрд. Бисёр саги бамаъни будас. Тарафи манба нигоҳи гарм гарм карда мана тағо гуфт. Худо хоҳад ман а инҷа равам, Йулбарсомона сари дастархонба мешинонем, бояд културая ёд гирифт. О, то кай ваҳиши борин зиндагӣ мекунем.

А мамлакати худомон якта гу хамавакт таги микрофона аренда гирифтагӣ буд,як рӯз гу беинсофподшоҳомона қотилу дуруя гуфта танқид кунад мешавад ми? Бо урусо баромадашба қарсақ заданд. Ман гуфтам ки ӯ бародаро о ин одам худаш кӣ, кӣ боз қарсақ мезанетон. Яктеш гуфт ки “он истний ариес, а ти средниазиатский чурбан” ина маънеш гу ба зувони худомон “ хайрият, ки шумуҳон борин одамойи халолу покиза будас, набошад мамлакат килет мешавад”. Раиси каломон гу як одами бисёр табарук буд, бечорая дар се рӯзи моҳи август даҳ қопча тушкая хонетоба бурдед гуфта тӯҳмат кардан.Беинсофо ҳоли мусафед а чош нахеста дарав усталашба шиштан.Вай муҳона бисёр нағз медид, ҳама вақт “мои калошики” мегуфт, маънеш бачаҳо саротон дарда набинад будас. Мана ҳамаҳошон “таджикский калош”, мегунд тарҷимеш тоҷики доно. Як рӯз гу Қурвоной ҳамаҳошона дар буфет қоил кардам вайо гу якта куфею ду бурида хилеф мегирану ҳаминкати бо ишкамошон сер меша, вай чӣ хел ишкам шудас?. Ман бошам яквора як кило колбас, як турт,даҳта кулча, ним кило қанд, ҳаҳта қаймоқ, чила тухму биса куфе, рулит мегуфтаги як чизи мехурдаги будааст, а ҳавай се рулонаша гирифтам.А хӯрдан яки сар бардорам ҳама даҳанҳои возкати мана тамошо карда истоданду ҷурналисто бошанд шарақ шарақ расм гирифта истоден.Бади дастархона руфтан гу яка киномихайник омад, кино мегирифтасу рули “обжораба” маънеш ба зувони худомон одами муъмину мусулмон, якта мо борин одами калладор лозим будас. Кори савоб гуфта моям не нагуфтем. Қандоша занад се рӯз ишками моя сер карда киноша гирифту боз пулам дода гуфтанд,ки раҳмат ба халқи тоҷик, ки ҳамин хел артист торгаш депутат доштас. Мункин ба наздикиҳо моба звани артиси халқа тен. Қурвоной ту навиштикӣ подшоҳомон а тахт ғалтонданду бо шумоя а унҷа ҷиғ назананд? Уй, занак, ,наход хуҷаината ҳаминқа нодон ҳисов куни а? Ҳар як рафтагемба ҳамахошона зиёрат карда, бачаҳошону худошонба як чиз ним чиз гирифта мебарам. О, беҳуда нагуфтен, ки даҳани хурда шарм медорад. Кӣ будас вай боҳтур, ки моя а кор мегирифтас? Як газити Африка “ Гардан” расми мана вақти обедба гирифта дар болош чоп карда дар тагаш “Сенатур аз Осиёи Миёна” навиштас, сенатураш одами ҳалол коргар гуфтани гап.О, газит расми ҳар хел одами майду чуйдая чоп намекунад. Агар мошини бачи Қодири Най ин дафа интарафоба омадани шава, ҳамун чил линча чомоқаи дар чиртак будагия бор кунетон, ҳисову китоваша худам мекунам. Нос а есат набурод, носам қарив тамом шуд. Қурвоной як ҳамшаҳриҳомона дар бозор дидам, вай мегуд, ки тарафои худомонба интихоби подшоҳ мешудас. О, барвақтар хавар намекуни, ки мо номзадемоя монем. Моям андак мундак одам не! Ду мактава ғоивона тамом кардагӣ, учёчик, биргад, завферма шуда кор кардем. Рафта ҳамун мамлакати зангиҳоба пурси, ки сенатур фалони кӣ, мгунки фалон. Хешу таворою дугонаҳотба фаҳмон, ки демукратоба бо овозонашона натен, ага вайо болои тахт бурон, ҳоломон харов мешава, бозори Масков а даст мерад.

Хайр Қурвоной, бачу качу хешу табороба салом гу ишовллоҳ чизом фурӯшам як ҳамаҳотона хавар гирифта мебиём.

*“Гардиран” яке аз рӯзномаҳои маъруфи Ингилистон

Хабиб Саид, соли 1991, ш. Душанбе