Дастурамали махфӣ

(гротеск)

Рафиқи мӯҳтарам, М. К.! Номаатонро дӯстон ба ман расонданд. Лаҳзае, ки онро мехондам аз чашмонам ашк мешорид.Худоё! Чи рӯзҳои сангинеро ба сари мо – коммунистон овардӣ? То дирӯз мо ҳокими ин диёр будему имрӯз пинҳони аз мардум, дар мурғхона пленуми фавқулоддаи худро мегузаронем. Ин рӯзҳои вазнин баҳри мо коммунистон абадӣ нестанд! Агар дар интихобот намоядаи худро ба курсии президентӣ шинонда тавонем, корди мо боз ба равған ғӯтид. Пленум танҳо масъалаи “ Ваъзи кунунии коммунистон, итихоби Раиси ҷумҳур”-ро дида, ба хулосае омад, ки чун пешвоямон Иличи аъзам ҳамаи роҳҳои ба сари ҳокимият омаданро бояд истифода барем.

Пленум қарод дод, ки шумо дар деҳоти атроф корҳои зеринро то интихобот ба анҷом расонед:

1. Дар байни ҷомеъа оиди зиндагию корномаҳои Владимир Илич сӯҳбатҳо ороста, ӯро то дараҷаи пайғамбари боло бардоред. Ҳамон сабти машҳури видеои телевизонро,ки мардумро ба ангезиш овард, харида шикастани ҳайкали доҳиро гаштаю баргашта ба халқ нишон диҳеду нисбати нисбати демократҳо нафратро афзоед. Ду руӯз пеш аз интихобот, ҳайкали Владимир Иличро, ки дар даромадгоҳи идораи колхоз меистад, шабона ноаён сарнагун намоеду дар ҷойи ҳодиса баъзе шумораҳои “Сухан”, “Чароғи рӯз”,”Адолат”ро партоед. Фардо ба чор тараф ҷор занед,ки “ Бубинед мардум, демократҳои лаъин чӣ гуна номарданд? Ва агар онҳо ба сари ҳокимият оянд, ҳоли мо мардуми бечора чӣ хоҳад шуд?

2. Домуллоҳоеро, ки тарафдори қозиянду дар байни мардум нуфуз доранд, шизофрейник гуфта, ба беморхонаҳои мухталиф хобонеду домуллоҳои худамон чекистони салладорро ба майдон дароред, то то халоиқро ба манфиати номзади мо мо моил созанд! Муаллимону рӯшанфикронеро, ки руйирост бар зидд номзади мо баромад мекунанд бо воситаи военком ба мақхои думоҳаи ҳарбӣ даъват намоед!”

3. Оиди номзадамон ҳар гуна қиссаву ривоятҳо паҳн созед, ки дар он ӯ нақши мусбатро бозад. Ба зиёиёне, ки ба мо содиқанд супориш диҳед, ки ӯро ба мардум чун Шоҳи Одил муаррифӣ намоянд.

4. Агар номзадҳои демократ дар деҳа пайдо шаванд, ҳаракат намоед, ки вохӯриҳояшон барпо нагардад. Рафту вохӯрӣ амалӣ гардад, ҷанчол бархезонед, ё чароғро хомӯш созед. Дидед, ки дигар услубҳо ба кор намераванд, биноеро,ки дар он вохӯрӣ рафта истодааст, оташ занед.

5. Матбуоти дар деҳаҳо паҳншавандаро зери назорат гиред. Рӯзномаву мачаллаҳое,ки оиди номзади мо навитаҷоти манфӣ дарҷ карданду намояндаи демократҳоро таъриф намуданд, маҳв намоед. Кори манораи мавҷпахшкунандаи телевизионро аз мадди назар дур нагузоред! Барномаҳое, ки бар зарари номзади мо бар фоидаи демократҳост, сифаташро коҳиш диҳед, то бинанда чизеро нафаҳмад.

6. Кӯшед, то мардуме, ки тӯю сур доранд онро пеш аз итихобот гузаронанд ва бояд халоиқро то рӯзи интихобот, чун афсунгашта нигоҳ дорем. Барандаҳо пеш аз ҳар баромад сифати номзади моро намоянд.” Красный Борбад” ҳатман ширкат варзад. Ӯ бо муроҷиати дӯстдоштааш “халқи азизам” омиёнро мафтуни худ месозад. Бояд баромадҳояшро бо суруди писандидаи мо – коммунистон, “Ду се кас Ленина рафтем ба саломаш Масков” оғоз намояд. Оиди сафарҳои хориҷиаш сухан карда, зиндагии вазнину даҳшатангези он ҷойро бо ҳазор ранг тасвир намояду ҳаёти серу пури моро пеши назари ҳозирон оварда ба ҳизби коммунистӣ минатдории хешро баён созад!

7. Рӯзи интихобот,дуртар аз кулбаи овоздиҳӣ фурӯши калӯшу қанд,биринҷу орд оғоз меёбад. Гарчанде, ки мо аз сари ҳокимият рафтаем, вале структураш пурра дар дасти мост, бинобар ин, ба намояндагони савдо супроишҳои махфӣ дода шудааст, ки то рӯзи интихобот, ҳамаро омода созанд. Фурӯш бояд чунин сурат бигирад: овоздиҳандагон нахуст харид кунандук сипас ба кулбаи овоздиҳи дароянд. Дар дохили калӯш расми номзади мо бо табрикномаи “ Почаҳакотон дарда набинанд” ё андар халтаи биринҷ “Ошқазонатон аз оши палав пур шавад” ва монанди инҳо истод. Хини пайдо шудани рӯзноманигорон фурӯшро фавран қатъ кунед. Боз фардо матуот намояндаи моро Калӯшпрезидент нагуянд.

8. Аз хама дақиқаҳои душвортарину пурмасъуляттарини кори мо хангоми торикӣ оғоз меёбад. Хонае, ки дар он овоздиҳӣ амалӣ мегардад, ҳатман дорои парда бошад, то рӯшанӣ берун наравад. Дар вақти муайян ҳамаи чароғҳо хомӯш мегардад. Ва фавран одами мо мо блютенҳои пинҳониро ноаён ба қуттӣ мепартояд. Боқи саломат бошед! Ба шумо тавфиқи кор мехоҳам! Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед!


Ҳабиб Саид соли 1991, ш. Душанбе