Луғатҳо

Дар ин ҷо маълумотҳои асосӣ оиди луғатҳое, ки дар сохтанашон каме бошад ҳам алоқамандӣ дорам, меорам. Асосан ман танҳо бо луғатҳое, ки бо забони тоҷикӣ алоқамандӣ доранд, машғулам. Бинобар ин, чунин гӯем ҳам мешавад: инҷо танҳо луғатҳои тоҷикӣ ҳастанд. Бар замми ин, луғатҳое, ки ин ҷо пешкаш шудаанд, сарчашмаи кушод доранд. Ин маънои он дорад, ки дилхоҳи онро Шумо метавонед гиред ва истифода баред, ё метавонед онро дигаргун кунеду натиҷаашро худ истифода баред, ба касе тақдим кунед ва ҳоказо. Ҳамаи ин бемузд аст. Ягона маҳдудияте, ки ба амалиётҳои дар боло овардашуда нисбати луғатҳо гузошта мешаванд, ин риояи литсензияи GNU GPL тафсири 3.0 ё боло шартӣ зарурӣ мебошад. Инак, лоиҳаҳо:


  1. Луғатҳои Русӣ - Тоҷикӣ ва Тоҷикӣ - Русӣ (лоиҳа санаи 23 марти соли 2008 оғоз шудааст. Иштирокчиён - 1 нафар)
  2. Версияи электронии Луғати Русӣ - Тоҷикӣ, дар зери таҳрири аъзо-корреспонденти АФ СССР М.С. Осимӣ. М. "Русский язык", 1985. (лоиҳа санаи 20 ноябри соли 2009 оғоз шудааст. Иштирокчиён - 4 нафар)
  3. Фарҳанги забони тоҷикӣ (ҳоло оғозаш накардаем).

Агар майли ҳамроҳӣ кардан дошта бошед, мехоҳед саҳми худро дар ин кор гузоред, лутфан, ба суроғаи Muzafarov.Dilshod@gmail.com нома нависед. Бисёр хушнуд мешудам, агар дар нома якбора мухтасар оиди он коре, ки карданиед, маълумот оваред. Ҳангоми истифодаи луғатҳо агар норасогие дида бошед, лутфан ба ман, ба суроғаи болоӣ нома нависед. Пешакӣ ташаккур!

Охирсухан: ҳамроҳ мо қувваи бузург ҳастем.